Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадади Тоҷикистон ва Департаменти рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Дастгирии ислоҳоти соҳаи молияи давлатӣ дар Тоҷикистон» -ро идома медиҳад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур аз 4 то 8 апрел иштирокчиёни барнома даври дуюми омӯзишро аз рӯи модули «Чандрасонаӣ ва дониши молиявӣ» мегузаранд. Рӯзноманигорон, донищҷӯён, блоггерон, фаъолони ҷамъиятӣ ва намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ масъалаҳои идораи молияи давлатӣ, буҷа, усулҳои таҳлили хароҷоти давлатӣ ва инчунин воситаҳои чандрасонаиро барои инъикоси ин мавзӯҳо меомӯзанд.
Тренерони ботаҷрибаи ватанӣ дониши иштирокчиёнро дар масоили иқтисодӣ васеъ намуда, аз ҷумла ба онҳо системаи буҷавӣ, ҷараёни дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, банақшагирӣ ва дурнамои даромадҳои буҷаи давлатӣ барои марҳилаи миёнамӯҳлат, ташаккулёбии буҷа, гузаронидани ҳисоботҳои молиявӣ, таҳлили даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷа ва дигар мавзӯҳои муҳимро аз худ хоҳанд кард.
Дар ҷараёни омӯзиш ба хусусиятҳои навишти маводи иқтисодӣ ва корҳои амалӣ бо воситаҳои чандрасонаӣ диқкати хосса дода мешавад. Дар доираи тренинги навбатӣ иштирокчиён бо барномаҳои TimeLine ва Mеп–Инфографик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои барномаи GoogleDrive меомӯзанд ва сохтани инфографикаро дар Piktochart, Easel.ly ва Infogr.am аз худ мекунанд.
Ба телефонҳои мобилии иштирокчиён барномаҳои Bambuser, Ustream.tv ва Livestream васл карда мешаванд, то онҳо бо маълумотҳо беҳтар кор кунанд ва имконияти инъикоси босифати мавзӯҳоро дошта бошанд.
Инчунин дар доираи омӯзиш иштирокчиён донишу малакаи худро дар танзими маъмулӣ ва компютерии овоз ва видео такмил медиҳанд. Инчунин онҳо бо истифодаи васеи воситаҳои чандрасонаӣ оид ба масъалаҳои буҷа, идораи молияи давлатӣ ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ мавод омода мекунанд.
Аз рӯи масъалаҳои иқтисодии дар тренинг баррасишуда, барои иштирокчиён нишасти матбуотии таълимӣ баргузор мешавад, ки ин барои мустаҳкам намудани мавзӯҳои омӯхташуда ва ҳамзамон такмил додани малакаи сабти овозу видео, аксбардорӣ ва навиштани матн кӯмак мерасонад.
Шарҳ: ТҶ «Хома» барои баландшавии сатҳи касбии журналистон, васеъшавии дониши ҳуқуқии онҳо, идоракунии босамари ВАО ва дар маҷмӯъ ба рушди журналистика дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Вусъат бахшидан ба кори ВАО чопӣ ва электронӣ ҳадафи асосии ташкилот ба ҳисоб меравад. ТҶ «Хома» дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ фаъолият мекунад. Маълумоти бештарро аз сомонаи www.khoma.tj ё тариќи телефони 227 34 78 дастрас мекунед.
Этот пост также доступен на: Russian
Добавить комментарий