Маркази Таълимии «Тачрибаи пешкадам дар Бизнес ва Молия» барои ба кор кабул кардани барномасоз ба ҶСП ТАҚХ «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ш.Хучанд озмуни чойи холии кори эълон менамояд:
ВАЗИФА: Барномасоз
Минтақаи фаъолият: Саридора (ш.Хучанд)
Талаботҳои тахассусӣ:
- Доштани маълумоти олӣ дар соҳаи системаҳои иттилоотӣ/технологияҳои компутерӣ;
- Донистани забонҳо (тоҷикӣ, русӣ, з.англисӣ пазируфта мешавад);
- Муоширатнокӣ;
- Малакаи кор дар гурӯҳ, ташкил кардани фазои хуби рӯҳӣ;
- Доштани дониш, таҷриба ва малака дар коркарди таъминоти барномавӣ;
- Донистани забонҳои барномасозӣ;
- Донистан ва таҷрибаи кор бо СИБМ (системаи идоракунии базаи маълумотҳо)-и гуногун;
- Маҳорати хуби масъулиятнокӣ, дақиқкорӣ ва кобилияти тезомузи
- Фаъолнокӣ, муоширати хуб бо атрофиён.
Пазируфта мешавад:
Донистани яке аз ин забонҳо ва технологияҳои компутерӣ: С#, .NET framework, PHP, JavaScript, HTML/CSS, AJAX, jQuery, Web Frameworks, SQL, IIS, Apache, Linux.
СУБД: MySQL, Oracle, PostgreSQL.
Анкетаро барои вазифаи дархостшаванда метавонед дар сомонаи www.imon.tj пур намоед ё ин ки ҳуҷҷатҳои заруриро (тарҷумаи ҳол, нусхаи шиноснома, нусхаи диплом ва анкетаи пуркарда) ба намояндагиҳои Ташкилот пешниҳод намоед:
Саридора дар ш.Хучанд: ш.Хучанд микронохияи 17 хонаи 2, Тел: 8 3422 40056, 42352, 66912;
Мо кормандони ташаббускор ва бощайратро, ки барои фаъолияти шавқовар ва натиҷабахш кӯшиш менамоянд, ба дастаи худ даъват менамоем.
Мо ба шумо пешниҳод менамоем:
- системаи пешрафтаи ҷалбкунандаи музди маош;
- кор дар ташкилоти боэътимод ва устувор, ки дар бозори молиявӣ беш аз 15 сол инҷониб фаъолият дорад;
- омӯзишҳои касбӣ ва имконияти баланд намудани ихтисос дар маркази таълимии худ;
- дастгирии ҳамкорон ва роҳнамоён;
- имконияти пешрафти самаранок дар мансаб ва инкишофи касбӣ;
Танҳо он номзадҳое, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, ба давраҳои минбаъдаи озмун даъват карда мешаванд
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо: то 17 августи соли 2016 – соати 17: 00
Ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда ба соҳибонашон баргардонида намешавад.
ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ барои кафолати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои занон ва мардҳо кӯшиш менамоя, аз ин рӯ мо занҳои ботахассуси соҳибмаълумотро барои иштирок дар ин озмун исроркорона даъват менамоем.
Добавить комментарий