Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои таълимӣ-шиносоиро доир ба далелсанҷӣ, раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ баргузор менамояд.
30 июн дар меҳмонхонаи “Серена” мастер класс оид ба далелсанҷӣ барои роҳбарон ва сармуҳаррирони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони институтҳои тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ, фаъолони медиа ва журналистон гузаронида мешавад. Дар мастер класс, муддати ду соат ба шунавандагон имконияти шиносоӣ бо далелсанҷӣ, ҳамчун раванди нав дар журналистика, шиносоӣ бо таҷрибаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мазкур ва хусусиятҳои истифодабарии воситаи мазкур, фароҳам оварда мешавад.
1-2 июл, дар меҳмонхонаи «Серена» бозомузӣ доир ба омузиши таҷрибавии далелсанҷӣ, азҷумла намудҳои он аз руи шакл ва мазмун, алгоритми тадқиқот ва сохтори тезисҳо, механизмҳои таҳияи қарорҳо, истифодабарии таҷрибавии далелсанҷӣ дар тадқиқотҳои журналистӣ, ташкил карда мешавад. Иштирокчиёни бозомузӣ имконияти арзёбии дурнамои рушди шаклҳои мухталифи далелсанҷӣ дар Тоҷикистонро пайдо мекунанд.
Ташаббуси мазкур ба маъруфкунии далелсанҷӣ, ҳамчун воситаи нав дар фаъолияти журналистон ва фаъолони ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Барномаи мастер класс ва бозомузӣ атрофи дастурамали «Далелсанҷӣ ҳамчун раванди тадқиқоти журналистӣ. Имкониятҳо ва дурнамо»и, Александр Гороховский, сармуҳаррири платформаи далелсанҷии Украина, сохта шудааст.
Бо ташаббуси ИҶК БМТ дастурамали мазкур ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Ин дастурамал ба иштирокчиёни мастер класс ва бозомузӣ тақсим карда мешавад ва дар шакли электронӣ дар сомонаи ИҶК БМ дастрас хоҳад буд.
Маълумот: Далелсанҷӣ ҳамчун шакли журналистика аз аввали солҳои 2000 дар ИМА, Амрикои Лотинӣ ва Аврупо ру ба инкишоф ниҳода буд. Дар ҳоли ҳозир шабакае мавҷуд аст, ки ба он беш аз 100 ташкилоти далелсанҷии ба қайдгирифташуда дохил мешаванд ва дар беш аз 40 мамлакати дунё фаъолият мекунанд, мувофиқи Институти Пойнтер, пешқадами рушди журналистикаи касбии глобалӣ. Далелсанҷӣ ба фикри муаллифони Портали далелсанҷии Қазоқистон (аз англ. fact check) шакли журналистикаи маъно мебошад, ки саҳеҳ будани далелҳои арзкардаи шахсони маъруф ва дар маводҳои медиа овардашударо тафтиш мекунад.
Этот пост также доступен на: Russian
Добавить комментарий