Ҳафтае пеш аз ҷониби гурӯҳи барномарезони ғайрирасмии 24TECH барномаи Паёмакҳои ройгон ба мағозаи Google Play барои боргирӣ ҷойгир карда шуд. Ин барнома дар телефони шумо имконияти ройгон(бепул) фиристодани паёмак(смс)-ҳоро ба ҳама операторҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.Барои фиристодани паёмак ба муштарӣ донистани рақами телефонаш кофист.
Барномасозони гурӯҳи 24TECH мегӯянд, ки мақсад аз сохтани барномаи Паёмакҳои ройгон самаранок истифода бурдани дастгоҳҳои мобилӣ аст ва аз дигар тараф зуд ва ройгон фиристодани паёмакҳо ба муштариён.
Айни замон бо воситаи барнома дар як муддат танҳо ба як муштарӣ паёмак фиристодан мумкин аст. Аммо барномасозон ваъда доданд, ки дар рӯзҳои наздик ин нишондодро бемаҳдуд менамоянд. Яъне истифодабаранда метавонад дар як муддат матни нахуст чидаашро ба якчанд муштарӣ равона созад.
Паёмакҳои ройгон ба Тоҷикистон дар телефони шумо
Барномасоз дар «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» (Хуҷанд, офис)ШИНОСОӢ БО ДАЛЕЛСАНҶӢ (ФАКТЧЕКИНГ), РАВАНДИ НАВ ДАР ЖУРНАЛИСТИКАИ МУОСИР
You Might Also Like
Comments: 1