Форуми байналмилалии «Чавонон-нерўи рушди зехнии кишвар» бо ташаббуси якчояи Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Донишгохи технологии Точикистони Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон сурат гирифта, барои баргузории он Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон розиги додаанд.
Рўзхои 15-17 майи соли 2015 аввалин форуми байналмилалии «Чавонон – нерўи рушди зехнии кишвар» дар Донишгохи технологии Точикистон, баргузор мегардад.
Дар гўшахои гуногуни донишгох модели виртуалии 68 шахр ва нохияхои Чумхурии Точикистон гузошта мешавад ва намояндагони шахру нохияхо дастовардхои зехни ва эчодии худро муаррифи менамоянд.
Дар кори Форум намояндагии то 7 нафар чавонони шахру нохияхои кишвар (миќдори умуми 68), иштирок менамоянд, ки бояд бо чунин талаботхои заминави чавобгу бошанд:
Талаботи заминави барои иштирокчии
- Хонандаи синну соли аз 13 то 18 сола, ки ихтироот ва ё дигар истеъдоде дорад ва умеди дар оянда майл намудан ба Рекордхои Гиннес ё чоизаи Нобел, Сино, Рудакиро дорад, орзуи кайхонавард шуданро дорад ва ё истеъдоди ўро омўзгорону хамсолонаш пазируфтаанд, муваффаќияти аввалини беназирро доранд.
- Донишчў ва ё дилхох чавоне, ки синну соли то 25 солаги дорад, ба ѓайр аз забони точики донандаи ду ва ё зиёда забонхои хоричи мебошад ва ё дастовардхои назаррас оиди технологияхои компютери, донишхои математики, физики, химияви, биологи ва гайраро дорад ё метавонад ѓояи ноу-хау пешнињод намояд.
- Чавононе, ки бо кўшишу гайрати худ (барои мисол бо истифода аз маблаѓгузории ќарзи бонки) бе ёри ва сарпарастии дигарон дастоварди хуби сохибкори дорад ва ё лоихахои инноватсиони ва сармоягузориро дар амал татбиќ намудааст, ѓоя ва андешаи нав оиди рушди соха ва чомеа дорад.
- Чавонони синни то 35 сола, ки дар таълимгоххои хоричи кишвар тахсил намуда, пас аз он ба шахру нохияхои дахлдор баргашта, оиди татбики донишу малакаи касбии худ дастоварди назаррас дорад ва онхоро чамоатхо, ширкат ё ташкилотхо, хукумати шахру нохияхо пазируфтаанд ва дар оянда метавонанд лоихахои эчоди-инноватсиониро дар амал татбик намоянд.
- Чавонони лаёкатманд, ки дорои хунари воло мебошанд, метавонанд на танхо худашон барои рушди зехнии чомеа сахм гузоранд, инчунин хунари худро ба гурўхи дигари чавонон омўзанд, барномахои таълими-маърифатиро дар шахру нохияхо, махсусан шароити дехот метавонанд татбик намоянд.
- Чавононе, ки лоихахои инноватсиони ва эчоди дошта, оиди рушди дехот ва ташкил намудани истехсолотро доранд, пешниходхои онхо метавонанд аз чониби сохибкорони ватани пазируфта шаванд.
- Чавонон, алалхусус духтароне, ки дар сатхи шахру нохияхо чемпиони бозии шохмот пазируфта шуда, метавонанд мактабхои бозии шохмотро ташкил кунанд ва кўдакону наврасонро ба он чалб намоянд. Хамчун алтернатива ба ин талабот ба гурўхи мазкур метавонанд, чавонон, алалхусус духтароне, ки курсхои кўтохмуддати татбиќи «Хукумати электрони»-ро барои ширкатхо, корхонахо, хукуматхо ва ѓайра ташкил менамоянд ва ба дастовардхои назаррас то холо ноил гаштаанд.
Эзох: Агар намояндагони чавонони шахру нохияхо ба талаботи дар боло овардашуда чавобгў набошанд, шарт нест, ки хатми 7 нафар чавонон дар кори Форум иштирок намоянд. Дар назар дошта мешавад, ки дар Форум он лоихахое пешниход мешаванд, ки ахамияти нодири дастоварди зехни ва эчоди доранд, яъне бигузор аз шахр ва ё нохия 1 нафар, 2 нафар ва гайра чавонон иштирок намоянд, ки бехтарин ѓоя ва дастовард доранд.
Иттилооти иловаги
Дар кори Форум ба ѓайр аз чавонони Точикистон инчунин чавонон аз давлатхои ИДМ ва Иттиходи Аврупо иштирок карда метавонанд, ки хар як таълимгохи оли ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон барои онхо барномаи алохида тартиб дода, амали менамоянд.
- Талабот оиди иштироки намояндагони чавонони таълимгоххои оли, Академияи илмхо ва марказхои инноватсионии Чумхурии Точикистон.
Таълимгоххои оли, Академияи илмхо ва марказхои инноватсионии Чумхурии Точикистон намояндагони худро барои иштирок дар Форум вобаста аз мавзўхои Форум ва дастовардхои онхо метавонанд аз рўи барномаи алохида дар рўзхои баргузории Форум таъмин намоянд.
- Имкониятхое, ки ба иштирокчиёни форум дода мешавад
Ба иштирокчиёни форум муаррифии дастовардхо, химоя намудани чолибияти онхо, (бо истифода аз имкониятхои ахбори омма), муаррифи намудани пешниходхо ба иштирокчиён аз Чумхурии Точикистон ва хоричи кишвар имконият дода мешавад. Ба ѓайр аз ин, бехтарин ѓояхо ва дастовардхо дар махаллахо ва журналхо чоп карда мешаванд. Агар дастовардхои зехни ба иштирокчиёни сохахои гуногуни иќтисодиёт, саноат, сармоягузори писанд оянд, метавонанд сохиби Чоизахои алохида гарданд.
- Талабот оиди ташкил намудани марказхои тарѓиботии чавонон дар назди таълимгоххои оли ва дигар ташкилотхо
новобаста аз шакли моликияти фаъолият.
Пешниход карда мешавад, ки барои тарѓиби ахамият ва зарурати баргузории Форуми байналмилалии «Чавонон-нерўи рушди зехнии кишвар» инчунин хамохангсозии фаъолияти чавонон оиди омодаги ва иштирок ба Форум дар назди ташкилоту ширкатхо новобаста аз шакли моликияташон, муассисахои таълими, мактабхои миёна, марказхои хамохангсозии Чавонон – нерўи рушди зехнии кишвар ташкил карда шавад, ки маќсади он кўмак расонидан ба чавонон мебошад. Марказхои мазкур бояд суроѓаи электрони ва телефонхои кори дошта бошанд ва ба суроѓаи электронии forum-2015@tut.tj метавонанд маълумоти худро ирсол намоянд.
Маблаѓгузории иштирокчиёни Форум яъне харочоти сафар (омадан ва баргаштан) аз чониби намояндагони Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар якчояги бо сохибкорон ва дигар шахсоне, ки пешрафти зехнии кишвар барои онхо мояи ифтихор аст, дида баромада мешавад. Масъалаи чойи хоб ва таъмини хўрок дар рўзхои баргузории чорабини аз чониби кумитаи ташкилии Форум дида баромада мешавад.
Забони кори форум: то?ик?, рус? ва англис?
Телефон?о барои тамос:
- (8-992-37) 234-79-89к; 234-79-90к; 234-91-64к;
- 919-27-38-98моб., 915-48-03-85моб.,
- 909-09-22-23моб., 918-76-07-02моб.
Е-mail: vеstnik-tut@mail.ru; mirzo_cctut@mail.ru; dj-fira1986@mail.ru
Макон: шахри Душанбе, кўчаи Н.Ќарабоев 63/3
Барномаи кории форум — http://tut.tj/files/forum.pdf
Добавить комментарий