2020 18
Tcell: Аз 10 апрел арзиши зангу Интернет гарон мешавад
Ширкати мобилии Tcell бо ирсоли як паёмак муштариёнашро огоҳ намудааст, ки шурӯъ аз 10-уми апрели соли ҷорӣ арзиши як қатор хизматрасониҳо барои муштариён гарон мешавад.
Манбаи боеэтимод оид ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд
Дар доираи форуми «Хакатон-48» сарчашмаи боэътимоди доимӣ оид ба маълумотҳои марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд. Ин имконият медиҳад, ки аз паҳншавии ҳар гуна маълумоти шубҳаовар ва беасос доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон то ҷое пешгирӣ карда шавад.
Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогерон
Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои рӯзноманигорону блогерони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ баҳри ширкат дар мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи «Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ» озмун эълон менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад.
МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намуд
Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қисми аввали шабакаи алоқаи насли 5-умро шурӯъ кард.