• Home
  • Дар бораи мо
  • Тамос
  • TajikTajik
    • EnglishEnglish
    • RussianRussian

Информационные технологии в Таджикистане

  • Бахши давлатӣ
  • Бонк
  • Интернет
  • Маориф
  • Мусоҳибаҳо
  • Телеком?о
  • НОКА
  • Ҷои холии кор
Home 2020 Апрель Манбаи боеэтимод оид ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд

Манбаи боеэтимод оид ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд

Хакатон-48

Дар доираи форуми «Хакатон-48» сарчашмаи боэътимоди доимӣ оид ба маълумотҳои марбут ба COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд. Ин имконият медиҳад, ки аз паҳншавии ҳар гуна маълумоти шубҳаовар ва беасос доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон то ҷое пешгирӣ карда шавад.

Форуми мазкур санаҳои 24-25-уми марти соли равон бо ташаббуси IT ширкатҳои Colibri ва Next Group ва бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNICEF Tajikistan баргузор шуд. Ҳамчунин, ҳамкорони дигари чорабинӣ ташкилоти ҷамъиятии «Y-peer» ва дорухонаи «Саломат» буданд. Дар ин форум таҳиягарон ва тарроҳон иштирок карданд ва манбаи боэътимод оид паҳншавии коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд.

001 002 005

Зарурати аслии ташкили ин форум афзоиши хабарҳои бардӯрӯғу бофта дар робита ба паҳнавшии вируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Натиҷаҳои аз раванди форуми «Хакатон-48» бадастомада:

  • Дар давоми ин форум дар сомоани Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар саҳифаи алоҳидаи «COVID-19» сохта шуд, ки минбаъд тамоми маълумоти боъэтимоди вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон дар ин саҳифа ҷой дода мешавад. Инчунин, дар саҳифаи мазкур маълумотнома оид ба беморӣ, тавсияҳо, маслиҳатҳо ва амсоли ин дигар иттилои зарурӣ ҷойгир карда мешавад.
  • Гузашта аз ин, сомонаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ коркард шуд.
  • Дар Телеграм чат-бот бо номи «Coronavirus Info | Tajikistan» сохта шуда, ки саривақт ба суолҳои муроҷиаткунандагон оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон посух медиҳад.

 

Корҳои тақвиятбахшӣ ҷиҳати дастрасии иттилоот ва маълумоти дуруст барои мардум оид ба COVID-19 дар Тоҷикистон идома дорад ва қарор аст, ки дар марҳилаи кӯтоҳ баҳри пешгирии ҳолатҳои сироятшавии шаҳрвандони кишвар ба коронавирус корҳои муассир анҷом дода шавад.

Ҷаҳонгир Мирсалимов

Apr 2, 2020Jamshed Marupov
Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогеронTcell: Аз 10 апрел арзиши зангу Интернет гарон мешавад
You Might Also Like
 
Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогерон

Добавить комментарий Отменить ответ

Картинка профиля Jamshed Marupov
Jamshed Marupov

Специалист по новым медиа
Коршинос оид ба расонаҳои нав

3 years ago Интернет, Маориф, ТренингҳоCovid-19, Вазорати тандурустӣ, Хакатон, Хуҷанд, ЮНИСЕФ264
  • en  English
  • ru  Russian
  • tj  Tajik
0
GooglePlus
0
Facebook
0
Twitter
0
Linkedin
Следите за нами на Твиттере
My Tweets
Популярные
RSS ИТ блоги
- 2013 — Company ICT4D.TJ.
This material is Open Knowledge Лицензия Creative Commons
Content on this site, made by ICT4D.TJ, is licensed under a
Creative Commons «Attribution-NonCommercial-ShareAlike» 4.0 International License
.