• Home
  • Дар бораи мо
  • Тамос
  • TajikTajik
    • EnglishEnglish
    • RussianRussian

Информационные технологии в Таджикистане

  • Бахши давлатӣ
  • Бонк
  • Интернет
  • Маориф
  • Мусоҳибаҳо
  • Телеком?о
  • НОКА
  • Ҷои холии кор
Home 2020 Апрель Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогерон

Озмун барои иштирок дар тренинг барои рӯзноманигорон ва блогерон

PO Khoma

Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» барои рӯзноманигорону блогерони вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ ва навоҳии тобеи марказ баҳри ширкат дар мактаби рӯзноманигорӣ дар самти сулҳофарӣ ва иртибот дар доираи лоиҳаи «Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ» озмун эълон менамояд. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо сурат гирифта, он тавассути Internews амалӣ мегардад.

Вазифаи мактаби рӯзноманигорӣ: дар доираи машғулиятҳо журналистони ВАО-и чопӣ, электронӣ ва онлайниро дар самти инъикоси масоили низоъбарангез, бехатарии рақамӣ ва ҷисмонӣ, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамкорӣ бо коршиносон оид ба муқовимат ба ифротгароии хушунатомез, дастрасӣ ба иттилоот ва меъёрҳои ахлоқии журналистӣ вобаста ба инъикоси ин масоил омӯзиш медиҳад.

Мақсади омӯзиш: расонидани донишҳои зарурӣ оид ба инъикоси низоъҳо ва ҳамзамон паст кардани шиддати онҳо мебошад. Иштирокчиёни машғулиятҳо бояд донишҳоеро аз худ кунанд, ки барои бе зӯроварӣ аз байн бурдани низоъ мусоидат кунанд.

Омӯзиш аз якчанд давра иборат аст:

  • Даври 1 – барномаи омӯзишӣ аз 28 то 30 апрели соли 2020 дар ш. Душанбе ва 5-7 майи соли 2020 дар ш. Хуҷанд;
  • Даври 2 – сохтани матлабҳо бо дастгирии устодон;
  • Даври 3 – идомаи барномаи омӯзишӣ аз 26 то 28 майи соли 2020 дар ш. Душанбе ва 2-3 июни соли 2020 дар ш. Хуҷанд;
  • Даври 4 – сохтани матлабҳо бо дастгирии устодон.

 

Иштирокчиёни машғулиятҳо тариқи озмун муайян карда мешаванд. Дар натиҷаи баҳогузории дархостҳои довталабон 12 нафар интихоб мегарданд. Омӯзиш дар барномаи таълимӣ пурра ройгон аст. Иштирокчиёни интихобгардида вазифадор мешаванд, ки барномаи омӯзиширо пурра гузаранд ва бо кӯмаки устодон на кам аз ду матлаб сохта, дар ВАО ба нашр расонанд.

Барои иштирок дар барномаи омӯзишӣ хоҳишмандон бояд линки як матлабашонро оид ба инъикоси низоъ, эссе дар мавзӯи «Барои чӣ ман иштирокамро дар ин барнома зарур меҳисобам?» ва маълумотномаашонро (CV) ба нишонии lolamerganova8@gmail.com равон кунанд.

Рақам барои иртибот: 227 34 78

Муҳлати қабули дархостҳо: то 21 апрели соли 2020 (соати 17:00).

Манбаъ: Media.tj

Apr 1, 2020Jamshed Marupov

Этот пост также доступен на: Russian

МегаФон Тоҷикистон алоқаи 5G-ро роҳандозӣ намудМанбаи боеэтимод оид ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд
You Might Also Like
 
Манбаи боеэтимод оид ба паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон сохта шуд
 
2 озмун барои иштирок дар Мактаби журналистикаи телевизион?

Добавить комментарий Отменить ответ

Картинка профиля Jamshed Marupov
Jamshed Marupov

Специалист по новым медиа
Коршинос оид ба расонаҳои нав

3 years ago Маориф, Тренингҳоблогер, Душанбе, Журналист, Интерньюс, Тренинг, Хома, Хуҷанд45
  • en  English
  • ru  Russian
  • tj  Tajik
0
GooglePlus
0
Facebook
0
Twitter
0
Linkedin
Активные колумнисты
Рисунок профиля (Suhrob N.)
Рисунок профиля (Farishtamoh Gulova)
Рисунок профиля (Firdavs Yormatov)
Рисунок профиля (Bakhtiyor Bahriddinov)
Рисунок профиля (Firdavs Umarjonov)
Рисунок профиля (Yahya Qurbani)
Рисунок профиля (Khushruz Hazratkulov)
Рисунок профиля (muhtasham)
Рисунок профиля (Farhod Pulatov)
Рисунок профиля (Jafar Urunov)
Рисунок профиля (Orif Jr.)
Рисунок профиля (Daler Bahritdinov)
Рисунок профиля (Erkin Kholmatov)
Рисунок профиля (Dilrabo Shukri)
Рисунок профиля (Parviz Bobojonov)
Наша рассылка
Подпишитесь на нашу рассылку, чтобы получать последние новости и события
* = required field
КАЛЕНДАРЬ СОБЫТИЙ

There are no upcoming events at this time.

Следите за нами на Твиттере
My Tweets
Популярные
RSS ИТ блоги
- 2013 — Company ICT4D.TJ.
This material is Open Knowledge Лицензия Creative Commons
Content on this site, made by ICT4D.TJ, is licensed under a
Creative Commons «Attribution-NonCommercial-ShareAlike» 4.0 International License
.