Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қисми аввали шабакаи алоқаи насли 5-умро шурӯъ кард.
Суръати ниҳоят баланди интернети мобилӣ ба мизоҷони ин ширкат дар маркази шаҳри Душанбе дастрас гардиданд.
Алоқаи 5G аз технологияҳои наслҳои пешина бо суръати «гигабитӣ» ва қобилияти нисбатан васеи гузариш фарқ мекунад.
Ҳудуди амалшавии қисми аввали шабака танҳо миқёси майдони Исмоили Сомонии пойтахтро фаро мегирад. Барои истифодаи суръати ниҳоят баланди интернети мобилӣ дастгоҳ бояд фарогири технологияи 5G бошад. Дар қатори чунин намуди дастгоҳҳо – смартфонҳои «Huawei Mate Flex», «Nokia 10», «Samsung Galaxy S20/S20+/S20 Ultra», «Xiaomi Mi Mix 3» ва ба ин монанд, қарор доранд.
Манбаъ: Sohibkor
Добавить комментарий