Ширкати мобилии Tcell бо ирсоли як паёмак муштариёнашро огоҳ намудааст, ки шурӯъ аз 10-уми апрели соли ҷорӣ арзиши як қатор хизматрасониҳо барои муштариён гарон мешавад.
Ба иттилои ширкат, қарор аст, аз санаи зикршуда дар тарофаҳо тағйирот ворид шавад ва минбаъд арзиши ҳар дақиқа зангҳои баромад дар дохили шабака – 20 дирам, зангҳо ба операторони дигари мобилӣ – 30 дирам, арзиши 1 Мб Интернет – 30 дирамро ташкил хоҳад дод.
Гуфта мешавад, баъд аз тағйироти интизорӣ арзиши хизматрасонӣ барои пайваст кардани бастаҳои «Интихоби ман» – 6 сомонӣ ва «Диёри ман» – 7 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре, ки дар маълумотномаи сомонаи ширкат омадааст, арзиши зангҳои берунӣ то ду баробар боло бардошта шудааст.
Муштариёни ширкатҳои мобилӣ шурӯъ аз 1-уми июли соли 2015 барои истифодабарии симкортҳо ҳармоҳа ба маблағи 80 дирам пардохт мекарданд. Гароншавии нархи як қатор хизматрасониҳо барои муштариён аз ҷониби як ширкати мобилии кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон 80 дираме, ки ҳармоҳа барои истифодабари рақам аз суратҳисоби муштариён ситонида мешуд, бекор кард ва гуфта мешуд, ки ин иқдом аз аввали моҳи май дар амал татбиқ мешавад.
Бино ба маълумотҳо, шумори умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 6,46 млн. нафарро ташкил медиҳад, ки атрофи 4,85 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол ҳастанд. Маблағи умумие, ки барои истифодаи симкорт аз муштариён гирифта мешуд, моҳе тақрибан 3,88 млн. сомониро ташкил медод.
Ҷаҳонгир МИРСАЛИМОВ
Добавить комментарий